- лангар
- [لنگر]1. оҳани вазнини махсуси занҷирдор, ки вақти таваққуфи киштиҳо барои устувор истодани онҳо ба об мепартоянд: лангари киштӣ; лангар андохтан // лангар партофтан а) ба об лангар партофтани киштӣ барои аз ҳаракат боздоштан (дар бандар); б) маҷ. дар ҷое таваққуф кардан; устувору барқарор истодан; лангар бардоштан лангар аз об берун овардани киштӣ (барои ба роҳ баромадан)2. чизи вазнине, ки барои дар як вазъият нигоҳ доштани дастгоҳе ба кор мебаранд: лангари дастгоҳи бофандагӣ; лангари соат қисми таркибии соатҳои деворӣ, ки бо ҷунбидани он чархҳои соат ба ҳаракат меоянд, раққосаки соат3. таър. ҷое, ки ҳар рӯз дар он ба фақирон оши умумӣ медоданд; лангар зада бо тамкин, бо виқор, бо салобат: лангар зада истодан, лангар зада нишастан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.